2024-08-08 18:03:56
Ҷамъбасти фаъолияти низоми суғурта дар нимсолаи якуми соли 2024
23 июли соли ҷорӣ таҳти роҳбарии раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо иштироки муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ, роҳбарони сохторҳои дахлдори БМТ, ташкилотҳои суғуртавӣ ва Ассотсиатсияи миллии ташкилотҳои суғуртавии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти низоми суғурта дар нимсолаи якуми соли 2024 баргузор гардид.
Ҷаласаро раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода ҳусни оғоз бахшида, қайд кард, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани низоми суғурта фаъолият карда, ислоҳоти соҳаро амалӣ менамояд. Дар ин самт ислоҳоти доманадор идома дошта, ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ” тағйиру иловаҳои дахлдор аз 1 марти соли 2024 ворид гардиданд ва дар ин замина таҳия ва қабули як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳа ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамзамон, Бонки миллии Тоҷикистон якҷо бо шарикони рушд зимни татбиқи ислоҳоти пешгирифта мушкилоти ҷойдоштаи соҳаро бартараф карда истодааст. Дар доираи чунин ҳамкорӣ лоиҳаи “Стратегияи рушди бозори суғурта барои солҳои 2024-2027” таҳия гардид, ки он ба рушди соҳа дар давраи миёнамуҳлат равона шуда, дар марҳилаи баррасии ниҳоӣ ва қабул қарор дорад.
Сипас, муовини сардори идораи назорати суғуртавӣ Бобурхон Бобоев ба иштирокдорони ҷаласа оид ба “Ҷамъбасти фаъолияти низоми суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2024” бо рӯнамои муфассал суханронӣ кард.
Номбурда доир ба фарогирии бозори суғуртаи кишвар, нишондиҳандаҳои асосии соҳа, риояи талаботи қонунгузорӣ ва меъёрҳои мақбули мақоми назорати суғуртавӣ, мониторинги ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар низоми суғурта ва дурнамои рушди низоми суғурта барои давраи миёнамуҳлат маълумот пешниҳод намуд.
Дар навбати худ, роҳбарони ташкилотҳои суғуртавӣ баъди маърузаи Бобоев Б. вобаста ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва ҳадафҳои ташкилотҳои худ дар нимсолаи оянда дар назди роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон дар алоҳидагӣ ҳисобот манзур намуданд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар интиҳои ҷаласа таъкид намуд, ки ташкилотҳои суғуртавиро зарур аст барои беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои суғуртавӣ фаъолияти худро тибқи муқаррароти қонунгузорӣ ба роҳ монда, дар масъалаҳои таъмини пардохтпазирӣ, устувории молиявӣ, сифати хизматрасонӣ, саҳмгузорӣ ба иқтисоди сабз, ҷорӣ намудани маҳсулотҳои муосири суғуртавӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии кормандон ва вусъат додани корҳои таблиғотию фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешанд. Инчунин, бо истифодаи технологияи муосир, насби барномаҳои автоматишуда, суръатбахшии раванди рақамикунонии иқтисодиёт, рақобатнокии маҳсулоти суғуртавӣ, шаффофияти амалиёт ва зиёд кардани пардохтҳои ғайринақдӣ дар рушди соҳа саҳми босазо гузоранд.
Манбаъ: Бонки миллии Точикистон