Хабарҳо

<< Назад

2024-08-06 20:06:24

Машғулияти омӯзишӣ барои кормандони мақоми назорати суғуртавӣ ва ташкилотҳои суғуртавӣ

Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) дар доираи лоиҳаи “Кӯмаки техникӣ дар таҳияи стратегияи рушди соҳаи суғурта ва оптимизатсияи назорати он" барои намояндагони идораи назорати суғуртавии БМТ ва ташкилотҳои суғуртавии кишвар дар мавзӯи “Таҳияи стратегия” вебинари омӯзишӣ баргузор намуд.

Дар вебинар беш аз 40 нафар намояндагони субъектҳои фаъолияти суғуртавии кишвар, ки ба суғуртаи ҳаёт, саломатӣ ва молу мулк машғуланд, инчунин намояндагони мақомоти назоратии суғуртаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд. Машғулияти мазкур барои иштирокчиёни касбии бозори суғурта ҳамчун майдони муҳокимаи масъалаҳои муҳими идоракунии корпоративӣ ва банақшагирии стратегӣ истифода мешавад.

Зимни машғулияти маҷозӣ иштирокдорони вебинар вобаста ба саволҳои мавзуъ, аз ҷумла чӣ будани стратегия, зарурати он барои муассиса ва роҳбарони он, алоқамандии идоракунии стратегӣ бо идоракунии корпоративӣ, муҳимияти таҳияи нақша, стратегия бояд чиро дар бар гирад, сифати стратегияи ширкат, раванди таҳияи он ва масъалаҳо баъди қабули стратегия маълумоти зарурӣ дастрас намуданд.

Қобили зикр аст, ки лоиҳаи «Стратегияи рушди бозори суғуртаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» дар натиҷаи ҳамкории БМТ бо БАТР дар заминаи татбиқи лоиҳаи “Кӯмаки техникӣ дар таҳияи стратегияи рушди соҳаи суғурта ва оптимизатсияи назорати он" тавассути машваратҳои инфиродӣ бо иштирокдорони бозори суғурта таҳия гардида, дар доираи лоиҳа чорабиниҳои омӯзишӣ барои кормандони идораи назорати суғуртаи БМТ ва ташкилотҳои суғуртавӣ ба назар гирифта шудаанд.


Манбаъ: Бонки миллии Точикистон