Хабарҳо

<< Назад

2025-09-09 14:57:18

Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамватанони азиз!

Ассотсиатсияи миллии ташкилотҳои суғуртавии Тоҷикистон тамоми мардуми кишварро бо иди муқаддас — Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик менамояд!

Рӯзи Истиқлолият рамзи озодӣ, ваҳдат ва иродаи қавии мардуми мо барои сохтани давлати қавӣ, обод ва сулҳомез мебошад. Ин ҷашн ҳамаи шаҳрвандонро барои ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими истиқлолият ва рушди Ватани азиз муттаҳид месозад.

Бигзор истиқлолият ҳамеша пояи устувори субот, осоиштагӣ ва пешрафти минбаъдаи кишвар бошад. Ба ҳар як хонадон саодат, саломатӣ, сулҳ ва фаровонӣ орзуманем, ба Тоҷикистон бошад — рушду нумӯъ, ваҳдат ва ояндаи дурахшон.