Хабарҳо

<< Назад

2025-03-12 19:15:52

Муаррифии маҳсулоти суғуртавии ташкилотҳои суғуртавии "Бима", "Мехнат" ва "Бима.Ҳает"

Рӯзи 6 март дар қаҳвахонаи «Зира»-и шаҳри Душанбе бахшида ба рӯйдодҳои муҳим – Рӯзи Модар (8 март) ва Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи истеъмолкунандагон (15 март) чорабинии тиҷоратӣ баргузор гардид.


Дар чорабинӣ занони соҳибкор, намояндагони бонкҳо ва ширкатҳои суғурта ширкат варзиданд. Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳии Раиси Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон мӯҳтарам Шарафов Ҷунайдулло Абдуллоевич ифтитоҳ намуд. Дар доираи чорабинӣ муаррифии маҳсулоти суғуртавӣ аз 3 ширкати пешбари суғуртавии «Бима», «Бима.Ҳаёт» ва «Меҳнат», ки дар бозори суғурта фаъолона рушд мекунанд, баргузор гардид.


Директори ташкилоти суғуртавии «Мехнат» Хайдаров Саидмухтор доираи васеи хизматхои суғуртавиро пешниход намуда, дар бораи маҳсулоте, ки дар соҳаи суғуртаи хаёт, саломатӣ, молу мулк ва масъулият сухан ронд.


Саидмухтор Ҷаъфарович аҳамияти ҳифзи ҳаёт ва саломатиро дар ҷаҳони муосир қайд намуда, инчунин таъкид намуд, ки Меҳнат барои ҳар як муштарӣ қарорҳои дастрас ва боэътимод пешниҳод менамояд.


Дар навбати худ, директори рушди суғуртаи ҳаёт "Бима.Хаёт" — Александр Недзелюк маҳсулоти суғуртаи инноватсионии "Бима.Хаёт"-ро муаррифӣ намуд, ки ба таъмини амнияти молиявии муштариён дар сурати рух додани ҳолатҳои ғайричашмдошт нигаронида шудааст.Ба барномаҳои ҷамъкунии сармоя ва ҳалли суғуртаи нафақа таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда шуд.


Дар ин рӯз иштирокчиён аз таҷрибаи пурарзиш мубодилаи афкор намуда, муносибатҳои нави тиҷорӣ барқарор намуда, инчунин масъалаҳои мубрами соҳаи суғуртаро баррасӣ намуданд. Ин нишастро Ассотсиатсияи миллии ташкилотҳои суғуртаи Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон ташкил кардаанд. Ин ба мо имкон дод, ки барои табодули таҷриба ва баррасии масъалаҳои муҳими марбут ба ҳам соҳибкорон ва ҳам ба истеъмолкунандагон, инчунин нигоҳ доштани суботи молиявӣ ва рушди бахши суғуртаву бонкӣ дар кишвар як майдон фароҳам оварда шавад.


Чорабинии тиҷорӣ дар қаҳвахонаи «Зира» як марҳилаи муҳими рушди муколамаи байни соҳибкорӣ ва ҷомеа гардид, ки мутахассисони соҳаҳои гуногунро барои табодули дониш ва таҷриба ба ҳам овард. Муаррифии ширкатҳои суғуртавии «Бима», «Меҳнат» ва «Бима.Ҳаёт» дар баррасии масъалаҳои бехатарӣ ва амният саҳми арзанда гузошта, аҳамияти суғуртаро ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи тиҷорат ва ҳаёти ҳаррӯзаи муосир таъкид намуданд.