Хабарҳо

<< Назад

2025-01-10 23:11:00

Ҷаласаи корӣ оид ба натиҷагирии фаъолияти низоми суғурта дар соли 2024

Санаи 8 январ дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарони ташкилотҳои суғуртавӣ ва Ассотсиатсияи миллии ташкилотҳои суғуртавии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ оид ба натиҷагирии фаъолияти низоми суғуртаи кишвар дар соли 2024 баргузор гардид.

Ҷаласаро муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ оғоз намуда, қайд кард, ки новобаста ба вазъи мураккаби иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсии ҷаҳон нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии ҷумҳурӣ, аз ҷумла нишондиҳандаҳои асосии низоми суғуртаи кишвар, дар сатҳи баланд ҷамъбаст гардиданд.

Ҳамзамон зикр гардид, ки баҳри расидан ба ҳадафҳои муайяннамудаи Ҳукумати кишвар, Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми назорати суғуртавӣ дар соли 2024 ҷиҳати таъмини рушди низоми суғуртаи мамлакат тамоми имкониятҳои мавҷударо истифода бурда, тадбирҳои саривақтӣ ва самаранокро роҳандозӣ намуд.

Вобаста ба вазъи низоми суғурта зикр гардид, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани низоми суғурта фаъолият карда, ислоҳоти соҳаро амалӣ намуда истодааст. Аз ҷумла, соли 2024 бо мақсади таҳкими заминаи қонунӣ ва мукаммалгардонии соҳа ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ” тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Инчунин, дар бораи пурра ба таври ғайринақдӣ анҷом додани амалиётҳои суғуртавӣ ба қонуни мазкур илова ворид карда шуд, ки айни замон дар марҳилаи ниҳоии қабул қарор дорад.

Ҳамзамон, бо қарорҳои дахлдори Раёсати БМТ ду санади меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳа таҳия ва қабул гардиданд, ки тартиби гузаронидани санҷиш ва ҳиссаҷудокуниҳо ба захираҳои суғуртавии ташкилотҳои суғуртавиро муқаррар менамоянд.

Илова бар ин, соли 2024 ба БМТ муяссар гардид, ки лоиҳаҳои шакли нави автоматикунонидашудаи ҳисоботҳои молиявӣ, нақшаи ҳисобҳои тавозунӣ ва тавсифи ҳисобҳои тавозунии алоҳидаро барои ташкилотҳои суғуртавӣ таҳия намуда, якҷо бо ташкилотҳои суғуртавӣ онҳоро такмил диҳад.

Ин санадҳо ба ташаккули инфрасохтори асосии низоми суғуртаи мамлакат ва минбаъд аз байн бурдани номуайяниҳои амалиётҳои суғуртавӣ ва таъмини фаъолияти шаффофи субъектҳои фаъолияти суғуртавӣ мусоидат менамоянд.

Сипас, сардори идораи назорати суғуртавӣ Бобурхон Бобоев оид ба ҷамъбасти фаъолияти низоми суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 тариқи рӯнамо суханронӣ карда, доир ба фарогирии бозори суғуртаи кишвар, нишондиҳандаҳои асосии соҳа, риояи талаботи қонунгузорӣ ва меъёрҳои мақбули мақоми назорати суғуртавӣ, мониторинги ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар низоми суғурта ва дурнамои рушди он маълумот пешниҳод намуд.

Дар қисмати муҳокимаи масъалаҳо намояндагони ташкилотҳои суғуртавӣ вобаста ба фаъолияти худ, рафъи камбудиҳои ҷойдошта ва ҳадафҳои гузошташуда ҳисобот доданд.

Раиси ҷаласа ташкилотҳои суғуртавиро вазифадор намуд, ки фаъолияти худро тибқи муқаррароти қонунгузорӣ ба роҳ монда, барои беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ, тибқи талаботи қонун баррасӣ намудани муроҷиати суғурташавандагон, таъмини принсипи шаффофият, ҷорӣ намудани хизматрасониҳои муосир, вусъат додани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ дар байни аҳолӣ ва ба таври ғайринақдӣ анҷом додани ҳама гуна амалиёти суғуртавӣ корбарӣ намоянд.

Дар фарҷоми ҷаласа Сироҷиддин Икромӣ иброз дошт, ки бо мақсади амалӣ намудани нақшаю вазифаҳои гузошташуда моро зарур аст, ки дар ҳамбастагӣ рушди низоми суғуртаи мамлакатро таъмин карда, барои ба яке аз бахшҳои муҳимми низоми молиявии кишвар табдил додани он чораандешӣ намоем.


Манбаъ: https://nbt.tj/tj/news/574863/