Хабарҳо

<< Назад

2024-10-09 19:53:48

Мизи мудаввар дар мавзуи “Таҳияи вебсайти мутамарказ барои муқоисаи нархҳо/пешниҳодҳо”

 8 октябри соли ҷорӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 мизи мудаввар баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ, Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ, Дафтари барномаҳои ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон, намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявии кишвар, Ассотсиатсияи ташкилотҳои молиявии Тоҷикистон, Ассотсиатсияи миллии ташкилотҳои суғуртавӣ ва ҷонибҳои манфиатдор иштирок намуданд.

Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ дар оғоз қайд намуд, ки мақсади баргузории чорабинӣ муаррифии таҷрибаи муосири байналмилалӣ дар соҳаи хизматрасониҳои молиявӣ буда, ба иштирокдорони соҳа ва ҷонибҳои манфиатдор имкон медиҳад, ки дар таҳия намудани саҳифаи интернетӣ (вэб-сайт)-и мутамарказ барои муқоисаи нархҳо/пешниҳодҳо, муайян кардани қадамҳои таҳия ва роҳандозии саҳифаи интернетии мутамарказ ва интихоби модели мувофиқ барои Тоҷикистон дар ин самт мубодилаи афкор намоянд.

Роҳбари ҳайати бахши молияи Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ Пиетро Каличе зикр намуд, ки чунин саҳифаҳои интернетӣ бо мақсади фароҳам овардани шароити зарурӣ барои дарёфти хизматрасониҳои дахлдори молиявӣ бо нархҳои дастрас ва шартҳои мақбул, интихоби дурусти ташкилоти қарзӣ, ки талаботи истеъмолкунандагонро қонеъ намуда, аз лиҳози иқтисодӣ манфиатбахш мебошанд, таҳия хоҳанд шуд.

Баъдан, мушовири байналмилалии Бонки Ҷаҳонӣ Моника Арутюнян иштирокдоронро бо таҷрибаи дигар давлатҳо дар ин самт бо пешниҳоди рӯнамо ошно намуд. Дар чорабинӣ аҳли нишаст инчунин бо таҷрибаи беҳтарини ҷаҳонӣ дар самти таҳияи саҳифаи интернетии мутамарказ барои муқоисаи нархҳо/пешниҳодҳо ва танзиму назорати он шинос шуда, фикру мулоҳизаҳои худро дар ин хусус иброз намуданд.